Имрӯз дар шаҳри Бишкек дар доираи сафари кории вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Қирғизистон, мулоқоти ӯ бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар Эрлан Абдилдаев баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғоз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай муваффақият орзу намуда, изҳори умед кард, ки ҷаласаи мазкур натиҷаҳои самарабахш хоҳад дод.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкории сарҳадӣ баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки гузаронидани мулоқотҳои мунтазам дар сатҳҳои гуногун барои муҳокима ва ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба зарур мебошад.


