Муовини аввали директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ Ибодулло Қурбонов 12-уми июл дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ягон корхонаи ватанӣ маҳсулоти стандарти «Ҳалол»-ро истеҳсол намекунад.
«Ҳалол» барои мусалмонон як тамғаест, ки маҳсулоти мувофиқи расму русуми мусалмонӣ омода шударо тасдиқ мекунад ва ҷузъи таркибии он аз аносири барои ғизои мусалмонон «ҳаром» (масалан, гӯшти хук, гӯшти ҷонварони ҳароммурда, хун) иборат намебошад.
Ба қавли Қурбонов, дар ҳоли ҳозир ба 37 корхонаи ватанӣ стандарти «Ҳалол» дода шудааст ва 14-тои онҳо аллакай ба гирифтани иҷозатнома дархост ирсол кардаанд. Интизор меравад, ки бархе аз онҳо аллакай 20-уми июл ба истеҳсоли маҳсулоти худ бо назардошти стандарти мазкур шурӯъ мекунанд.
Сардори Раёсати санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи стандартҳо ва сифати маҳсулот Назрулло Шарипов иброз дошт, ки дар чанде аз нуқтаҳои савдо маҳсулоти дорои тамғаи «Ҳалол» ба чашм бармехӯрад, аммо ин маҳсулот иҷозатномаи «Тоҷикстандарт»-ро надорад.
«Иҷозатномаи «Ҳалол» ба се забон навиштаҷот дорад. Илова бар он, нахуст маҳсулоти дорои чунин тамға танҳо баъд аз 20-уми июл дар марказҳои савдои кишвар ба фурӯш бароварда мешавад»,-иброз дошт Шарипов.
Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки стандарти «Ҳалол» на фақат барои маҳсулоти гӯштӣ, балки барои дигар навъи маҳсулоти ғизоӣ низ таҳия шудааст.
Тавре намояндаи «Тоҷикстандарт» зикр кард: «Дар Агентии мо дар мавриди ин стандарт шӯъбаи махсус амал мекунад ва мутахассисони мо бо Туркия, Малайзия, Қазоқистон ва инчунин бо Шӯрои уламои Федератсияи Русия дар ин самт ҳамкорӣ доранд. Ҳамчунин дар кори гурӯҳе, ки бевосита дар ин самт назорат мебарад, мутахассисон аз Маркази исломии Тоҷикистон ҷалб шудаанд».
Аллакай дар паҳнои ИДМ стандарти «Ҳалол» амал карда истодааст: моҳи апрели соли 2012 Иттифоқи авруосиёии стандартизатсия ва сертификатсияи «Ҳалол» таъсис дода шудааст, ки дафтараш дар Маскав қарор дорад ва ба ҳайати он мақомоти иҷозатномадиҳии Русия, Қазоқистон ва Беларус дохил шудаанд.


