Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ
11-уми июл
бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Алӣ Ал-Ҳоҷирӣ мулоқот дошт.
Тибқи
иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ,
дар рафти сӯҳбат маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр карда шуд, ки барои суръат бахшидан ба инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба тамоми имконот фароҳам оварда мешавад.
Зимнан ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкориро дар соҳаи об баррасӣ карданд, ки дар таърихи 20-21 августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Сафири Тоҷикистон аз роҳбарияти Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар ин Ҳамоиш даъват ба амал овард. Ҷониби Қатар нисбати ин даъват бо як таваҷҷӯҳи хоса назар намуда, зикр кард, ки масъалаи об яке аз проблемаҳои муҳими Давлати Қатар, инчунин тамоми инсоният мебошад.
Ҳамчунин тарафҳо оид ба масоили дигари тарафайн табодули назар намуданд ва баҳри боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳои дуҷониба изҳори умедворӣ карданд.


