Деҳқонони чинӣ ният доранд, масоҳати заминҳои барои киштро дар Тоҷикистон зиёд кунанд

Кишоварзони чинӣ ният доранд, масоҳати майдони киштзорҳоро дар қаламрави Тоҷикистон зиёд кунанд. Тавре ба Хабаргузории  «Азия-Плюс» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд, мутахассисони хоҷагии фаръии ҶСК «Тсинян Инхай»-и ҶХЧ, ки ягона ташкилоти хоҷагидории Чин дар Тоҷикистон мебошад, майдони 280 гектари заминҳои Тоҷикистонро кишт карда ва ба корҳои баъдӣ дар ин заминҳо машғуланд. «Ҳоло деҳонони чинӣ […]

Зарина Эргашева


Кишоварзони чинӣ ният доранд, масоҳати майдони киштзорҳоро дар қаламрави Тоҷикистон зиёд кунанд.

Тавре ба Хабаргузории  «Азия-Плюс» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд, мутахассисони хоҷагии фаръии ҶСК «Тсинян Инхай»-и ҶХЧ, ки ягона ташкилоти хоҷагидории Чин дар Тоҷикистон мебошад, майдони 280 гектари заминҳои Тоҷикистонро кишт карда ва ба корҳои баъдӣ дар ин заминҳо машғуланд.

«Ҳоло деҳонони чинӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ (99 гектар) ва Ёвон (181 гектар) кор мекунанд. Оғози моҳи июл мутахассисони чинӣ ҳавасмандии худро ба зиёд кардани масоҳати киштзорҳо баён доштанд ва якчанд қитъаи заминро дар Вилояти Хатлон аз назар гузарониданд. Шояд, соли оянда ба онҳо барои зиёдтар кардани масоҳати майдони киштзорҳо иҷоза дода мешавад», – зикр карданд дар Вазорати кишоварзӣ.

Тибқи маълумоти вазорат, зироатҳои киштшуда ва бадастовардаи деҳқонони чинӣ ба омори умумии Тоҷикистон ворид ва ҳам дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам беруна бо хоҳиши худи хоҷагии деҳқонӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Деҳқонони чинӣ дар ноҳияи Ёвон дар майдони 122 гектар пахта кишт карданд, ки тухмияш аз Чин ворид гардидааст. Деҳқонони чинӣ умедворанд, ки аз як гектар киштзор то 4 тонна ҳосили пахта хоҳанд рӯёнд. Барои қиёс: дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба як гектар замин 2,5 тонна пахта пешбини шудааст.

Майдони умумии кишти пахта дар Тоҷикистон имсол 193,1 ҳазор гектар заминро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2012 киштзори пахта беш аз 200 ҳазор гектар буд. Соли гузашта пахтакорон аз киштзорҳо 415 ҳазор тонна ҷамъ оварданд. Имсол дар назар аст, на камтар аз нишондоди соли гузашта пахта ҷамъ оварда шавад.

Тавре дар вазорат муқаррар карданд, ин заминҳо ба ихтиёри ҶСК «Тсинян Инхай» аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон гузошта шудаанд, ки истифодаи муваққати онҳо ба муҳлати 49 сол пешбинӣ шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.