Сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев ситоди мураббиёни худро ташкил дод.
Тавре сомонаи расмии ФФТ иттилоъ медиҳад, сармураббии нави дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Олег Ширинбеков, инчунин, мураббии Академияи футболи «Истиқлол» Рустам Қурбонов ёварони мутахассиси 46-сола мешаванд.
Мураббии дарвозабонҳо Амоншо Саодатсайров ва мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ Асан Мустафоев, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе, таъин шудаанд.
Ёдарс мекунем, ки Мўҳсин Муҳаммадиев аз 14-уми август инҷониб ба ҳайси сармуррабии дастаи мунтахаб баромад мекунад. Дар ҳамин рӯз дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, ки 25 ҳазор тамошобинро дар худ ҷой дода метавонад, бо тими миллии Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом медиҳад.


