Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Франсия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд дар иртибот ба фаро расидани ҷашни миллии ин кишвар – солгарди ба даст овардани Бастилия барқияи табрикотӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотӣ зикр мегардад, ки Тоҷикистон Франсияро шарики дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ дониста, дастгириву […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд дар иртибот ба фаро расидани ҷашни миллии ин кишвар – солгарди ба даст овардани Бастилия барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотӣ зикр мегардад, ки Тоҷикистон Франсияро шарики дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ дониста, дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамояд.

«Боиси қаноатмандист, ки имрӯз робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд», – омадааст дар барқияи табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Франсия сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми Франсия сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфоӣ таманно кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.