Kont Bank иттилои уҳдадории анҷоми сохтмони иншооти «Мовароуннаҳр»-ро рад мекунад

spot_imgspot_img

Дата:


Kont Investment Bank иттилои ба зиммаи худ гирифтани анҷоми сохтмони ду иншоот аз иншооти сохтмонаш нотамоми ширкати «Мовароуннаҳр»-ро, ки рӯзи 20-уми май аз ҷониби суди ноҳияи Синои пойтахт аз ҳабс озод карда шуданд, рад кард.

Чӣ тавре ки сухангӯи ҶСП «Холдинг Контргрупп Тоҷикистон» Далери Абдулло ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, дарвоқеъ ҳам бо ташаббуси намояндагони ширкати «Мовароуннаҳр» мулоқоти ҷонибҳо баргузор шудааст.

«Намояндагони бонкро ҳамчун мизоҷони муқаррарӣ роҳбари бонк ба ҳузур пазируфт. Онҳо пешниҳодоти худ бобати ба итмом расонидани сохтмони чанде аз иншооти сохтмонаш нотамомро ироа доштанд, ки мо онҳоро ҳатто барррасӣ ҳам карданӣ нестем», – зикр кард Д.Абдулло.

Номбурда таъкидл сохт, ки маълумот дар бораи гӯё аз ҷониби бонк

уҳдадор шудан

ба анҷоми сохтмони ду иншооти нотамоми ширкати «Мовароуннаҳр» асоси воқеъӣ надорад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл намояндаи ваколатдори саҳҳомони ҶДММ «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки онҳо рӯзи 15-уми июл бо мақомоти раҳбарии Kont Investment Bank дар Душанбе  гуфтушунид анҷом дода шуда, онҳо ба зимма гирифтани анҷоми сохтмони ду иншооти манзилҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исмоили Сомониро дархост намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки муддати беш аз 2 сол амволи ғайриманқули ширкати «Мовароуннаҳр» таҳти ҳабс қарор гирифта, дар ин муддат ҳудуди 600 нафар оилаҳо – саҳҳомони ширкат дар манзили иҷора зиндагӣ ва ба тантанаи адолат талош меварзиданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...