Дар Қӯрғонтеппа таҷдиди шабакаи гармидиҳӣ пешбинӣ шудааст

Роҳбарияти шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтушунидро оиди барқарор кардани шабакаи гармидиҳии шаҳр оғоз кардааст. Дар ин хусус раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт. – Мо баҳри барқарор кардани системаи гармидиҳии шаҳр бо Бонки Рушди Аврупо гуфтушунидро оғоз кардаем. Аллакай, як марҳилаи гуфтушуниди мо доир гардид ва бисёре аз масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор додем. […]

Сайраҳмон Назриев


Роҳбарияти шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтушунидро оиди барқарор кардани шабакаи гармидиҳии шаҳр оғоз кардааст. Дар ин хусус раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.

– Мо баҳри барқарор кардани системаи гармидиҳии шаҳр бо Бонки Рушди Аврупо гуфтушунидро оғоз кардаем. Аллакай, як марҳилаи гуфтушуниди мо доир гардид ва бисёре аз масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор додем. Шояд аз соли оянда корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ оғоз шаванд, – гуфт Самиев.

Ба қавли ӯ,  баъд аз солҳои навадуми асри гузашта шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Қӯрғонтеппа ба пуррагӣ фалаҷ гардида, тамоми иншоотҳои он хусусӣ гардонида шуданд. Ҳамзамон қубурҳои оби гарм дар зери замин пӯсидаю фарсуда шуданд.

«Акнун мо шабакаҳои гармидиҳии шаҳро аз нав месозем. Дар мулоқоте, ки бо намояндагони Бонки Рушди Аврупо доштем, пешниҳод кардем, то дар ҳар як бинои баландошёна системаи гармидиҳии индивудиалиро ба роҳ бимонем, лекин танҳо бо қувваи барқ. Ман шахсан намехоҳам, системаи гармидиҳии шаҳр бо истифода аз ангишт бошад, зеро аз он ҳифзи муҳити зисти шаҳр халадор мешавад. Шаҳри мо шаҳри хурд аст ва онро бояд тозаю озода нигоҳ дорем», – гуфт дар поёни сӯҳбаташ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.