Бонки Рушди Аврупо барои соҳаи коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа 4,9 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст.
Бино ба гуфтаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев, аз маблағи ҷудошуда 2,9 миллион доллараш маблағи грантӣ буда, 2 миллиони дигараш қарзи имтиёзнок мебошад.
– Ин маблағҳо бевосита баҳри рушди соҳаи коммуналии шаҳр равона хоҳанд шуд. Дар доираи ин лоиҳа сохтмони партовгоҳ дар шаҳри Сарбанд ва корхонаи коркарди партовҳо,инчунин харидории 10 нақлиёти партовбарор ва қуттиҳои партов пешбинӣ шудааст, – афзуд раиси шаҳри Қӯрғонтеппа.
Ба гуфтаи ӯ, татбиқи лоиҳа ҳудуди 2,5 сол идома меёбад. «Умед дорем, бо анҷомёбии он Қӯрғонтеппа ба яке аз шаҳрҳои намунавӣ табдил хоҳад ёфт», – изҳор дошт Самиев.



