Cуғд: Ҳалокати як тан аз бемории «сибирская язва»

Яке аз беморони мубтало ба амрози сӯхтанӣ (сибирская язва)-и беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд фавтид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз табибони дармонгоҳ, ки нахост номаш ифшо гардад, хабар дод, сокини 57-солаи ноҳияи Айнӣ ҳанӯз рӯзи 8-уми июл фавтида будааст. «Эҳтимол меравад, ки мард ҳангоми забҳи гов сироят ёфтааст. Бо ошкор шудани аломатҳои нахустини […]

Шероз Шарифов


Яке аз беморони мубтало ба амрози сӯхтанӣ (сибирская язва)-и беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд фавтид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз табибони дармонгоҳ, ки нахост номаш ифшо гардад, хабар дод, сокини 57-солаи ноҳияи Айнӣ ҳанӯз рӯзи 8-уми июл фавтида будааст.

«Эҳтимол меравад, ки мард ҳангоми забҳи гов сироят ёфтааст. Бо ошкор шудани аломатҳои нахустини беморӣ санаи 5-уми июл ӯро дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ карда, ба назди мо рӯзи 7-уми июл пас аз ташхиси беморӣ оварда шуд. Мутаассифона, аллакай дер шуда, табибон ҳеҷ кӯмаке расонида натавонистанд», – гуфт манбаъ.

Тибқи маълумоти тасҳеҳшуда, дар вилоят айни замон панҷ нафар мубталоёни бемории сӯхтанӣ бистарианд, ки се нафарашон сокинони ноҳияи Айнӣ ва ду нафар сокинони ноҳияи Панҷакент мебошанд.

Бино ба иттилои кормандони тиббӣ, мутахассисони хадамоти санитариву эпидемиологии вилоят дар ноҳияҳои сарчашмаи сироят чораҳои коркарди зарурӣ доир намудаанд. Дар бемористони Хуҷанд барои ин беморон тамоми шароити карантин муҳайё буда, онҳо аз ҳамдигар ва дигар беморон ҷудо табобат мегиранд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар ноҳияҳои Панҷакент ва Айнии вилояти Суғд дар 6 нафар аломатҳои

гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ

(сибирская язва) ошкор шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.