Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти шаҳрдории Душанбе аз суди ноҳияи Сино дархост намудааст, ки нафақахӯр Любов Маркова аз манзили давлатӣ маҳрум карда шавад.
Ин амали худро мақомоти шаҳрдорӣ чунин маънидод мекунад, ки нафақахӯр манзили давлатӣ дар кӯчаи Синоро ба иҷора гирифтааст, ки соли 2010 ба ҳамсараш – собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дода шуда буд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Любов Маркова хабар дод, ин манзилро ҳамчун собиқадори ҷанг ҳукумат ба ҳамсараш пешниҳод намуда, тибқи шартнома барои он онҳо ҳар моҳ бояд дар ҳаҷми 520 сомонӣ маблағи иҷорапулӣ месупориданд.
«Чун шартнома бо забони давлатӣ таҳия гардида буд, мо моҳияти онро дуруст нафаҳмида, зери он имзо ва гумон доштем, ки пас аз як соли имзои шартнома манзил моликияти мо мешавад, аммо пас аз ду сол шавҳари ман фавтида, ман дигар ба пардохти маблағи иҷорапулии манзил имкон надорам», – мегӯяд нафақахӯр.
Ба гуфтаи зан, шурӯъ аз соли 2013 иҷрочии суд ба назди ӯ омада, пардохти 7 ҳазор сомонӣ барои солҳои 2012 ва 2013-ро талаб мекунад.
«Ман соҳиби 9 фарзанд буда, як нафараш дар садамаи нақлиёт ҳалок, ду нафарашон маъюб, ду нафарашон хизматчии ҳарбӣ ва се нафарашон айни замон дар Русия кору зиндагӣ доранд ва агар маро аз хона берун кунанд, ману фаразндони маъюбам ҷойи иқомате надорем», – шикоят мекунад зан.
Дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита изҳор намуданд, ки ҳангоми имзои шартнома Любов Марпкова имкон дошт, ки маблағи манзилро пардохт намояд ва айни замон ба ӯ ҷиҳати пардохти қарз якчанд огоҳинома фиристода шудааст.
«Мо ӯро ба суд додем ва агар минбаъд низ ӯ бидуни пардохти маблағи иҷорапулӣ дар ин манзил зиндагӣ кунад, ҳаҷми қарз аз 7 ҳазор сомонӣ зиёдтар мешавад, ки ин зарар ба буҷети давлат аст», – иброз доштанд дар раёсат.
Дар ҳамин ҳол, мутобиқи шартнома Любов Маркова бо аҳли оилаи худ ба зиндагӣ дар ин манзил аз 1 августи соли 2010 то 1 августи соли 2011 ҳуқуқ доштанд. Маблағи солонаи иҷорапулӣ барои ин манзил 6 ҳазору 240 сомониро ташкил медиҳад.



