Вазорати кишоварзӣ: Майдони кишти пахта тадриҷан коҳиш меёбад

Date:


Зимни нишасти хабарӣ муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Суюнхон Рустамов изҳор намуд, ки майдони кишти пунбадона дар Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад, зеро бахши кишоварзии кишвар ба парвариши зироати навъҳои ҳархела мутобиқ гардонида мешавад.

«Яке аз сабабҳо поинравии нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Агар солҳои 2009-2010 нархи як тонна нахи пахта 5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод, пас имрӯз он то 1 ҳазору 700 доллари ИМА поин рафтааст. Айни замон пахта бо ҳамин нарх фурӯхта шуда, дар он пардохтҳои андоз ва хароҷоти ҳамлу нақл ба инобат гирифта нашудаанд», – шарҳ дод номбурда.

Рустамов гуфт, коҳиши  майдони кишти пахта маънои онро надорад, ки Тоҷикистон комилан аз парвариши пунбадона даст мекашад, зеро он зироати стратегӣ барои ҷумҳурӣ буда, ҷиҳати кашфу парвариши навъҳои нави пунбадона, ки дар майдони кишти начандон бузург ҳосили зиёд медиҳанд, кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд.

«Тайи 2 соли ахир майдони кишти пунбадона аз 200 ҳазор то ба 191 ҳазор гектар кам шуданд. Дар Тоҷикистон заминҳои кишт начандон зиёд буда, ҳарчанд ҳамасола 1,5 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд шаванд ҳам, ин нокофист», – гуфт ӯ ва зикр намуд, ки муддати 6-7 соли ахир Вазорати кишоварзӣ ба масъалаи интихоби кишти навъи маҳсулот аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ дахолат накардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар ба маблағи умумии 3 млрд. 845,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 12,1% зиёдтар аст. Суръати афзоиш дар бахшҳои рустанипарвариву чорводорӣ мутаносибан 18,3 ва 6,2%-ро ташкил додаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...