Таваҷҷуҳи бештари муҳоҷирон ба навовариҳо дар қонунгузории Русия

Муҳоҷирони кории тоҷик ба навовариҳои ҷоришуда дар қонунгузории муҳоҷирати Русия бештар мароқ зоҳир мекунанд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, танҳо тайи 10 рӯзи ахир ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳии хадамот ҷиҳати шарҳу тавзеҳи тағйироти ҷоришуда дар қонунгузории муҳоҷирати Русия ва ҳамчунин мушкилоти марбут ба истирдод аз Русия ва […]

ASIA-Plus


Муҳоҷирони кории тоҷик ба навовариҳои ҷоришуда дар қонунгузории муҳоҷирати Русия бештар мароқ зоҳир мекунанд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, танҳо тайи 10 рӯзи ахир ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳии хадамот ҷиҳати шарҳу тавзеҳи тағйироти ҷоришуда дар қонунгузории муҳоҷирати Русия ва ҳамчунин мушкилоти марбут ба истирдод аз Русия ва ҷустуҷӯи кор дар Русия 348 нафар шаҳрвандони кишвар муроҷиат кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, миёни шаҳрвандони нияти муҳоҷирати корӣ ихтиёрдошта 92 нафарашонро сокинони шаҳри Душанбе, 70 нафарро – сокинони вилояти Суғд, 54 нафарро – сокинони вилояти Хатлон, 11 нафарро – сокинони ВМКБ ва 121 нафарро тоҷикистониёни машғули кор дар Маскав ташкил медиҳанд.

«Ба ҳар яки аз онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва машваратҳои муфид дода шуда, дар зимн 15 намуд маводҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия супорида шуд», – гуфта мешавад дар иттилои Хадамоти муҳоҷират. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.