Иди Рамазон дар Тоҷикистон 8-уми август таҷлил мегардад

Соли равон Иди моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон санаи 8-уми август таҷлил мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази исломии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, соати 8-и субҳи рӯзи 8-уми август дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози Иди Фитр баргузор мешавад. Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо […]

Аваз Юлдошев


Соли равон Иди моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон санаи 8-уми август таҷлил мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази исломии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, соати 8-и субҳи рӯзи 8-уми август дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози Иди Фитр баргузор мешавад.

Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз пардохти закот ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Рамазон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.