Беш аз 21,5 млн. $ бурси БОР баҳри коҳиши таъсири манфии тағйири иқлим дар Панҷ

Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 21,55 млн. доллари ИМА ба лоиҳаи коҳиши таъсири манфии тағйири иқлим дар 59 маҳаллаи аҳолинишини ҳавзаи дарёи Панҷ дар Тоҷикистонро тасдиқ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, бурси мазкур аз ҳисоби воситаҳои Фонди стратегии иқлим ихтисос дода мешавад. Ба иттилои […]

ASIA-Plus


Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 21,55 млн. доллари ИМА ба лоиҳаи коҳиши таъсири манфии тағйири иқлим дар 59 маҳаллаи аҳолинишини ҳавзаи дарёи Панҷ дар Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, бурси мазкур аз ҳисоби воситаҳои Фонди стратегии иқлим ихтисос дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, амалисозии лоиҳа ба таҳкими қобилияти тобоварии аҳолӣ ба ҳарорати баланди интизоридошта ва тағйири сатҳи боришот, беҳбуди дастрасӣ ба таъминот бо об мусоидат намуда, барои беҳбуди ҳолати бахши кишоварзӣ ва ҳархеласозии иқтисод маълумот ва маблағҳои дастрас пешниҳод мекунад.

Дар намояндагии БОР зикр карданд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазиртарин ба тағйири иқлим буда, ҳавзаи дарёи Панҷ бо майдони 114 500 километри мураббаъ ва шумори аҳолии ҳудуди 1,27 млн. нафар ҳавзаи бузургтарини дарёии кишвар маҳсуб меёбад.

«Аҳолии ҳавза аллакай ба зуҳуроти фавқулодаи иқлим, аз қабили обхезиву хушксолӣ ва фаромадани ярч дучор меояд, ки зербиноро хароб ва ба ҳосил зиён меоваранд ва дар баъзе ҳолатҳо ба талафоти ҷонӣ низ боис мегарданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи амалисозии лоиҳа дар маҳаллаҳои аҳолинишини интихобшуда маҷмӯи васеи тадбирҳо, аз ҷумла беҳбуди вазъи иншооти муҳофизатӣ аз обхезӣ, низоми обёрӣ ва таъминот бо оби нӯшокӣ, пешниҳоди қарзҳои хурд барои роҳандозии фаъолияти иқтисодии устувор ба тағйири иқлим ва ғайра андешида мешаванд.

«Дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳа иттиҳодияҳои истифодабарандагони об таъсис дода шуда, оид ба истифодаи пурсамари захираҳои обӣ ва эҳёи ҳосилнокии хоку парвариши зироати тобовар ба тағйири иқлим машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида хоҳанд шуд», – изҳор карданд дар намояндагии БОР.

Қобили зикр аст, ки соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти БОР пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, бурс ва кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми умумии 990 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.