Корҳои таҷдиди зеристгоҳи Регар-500 кВ нимаи моҳи август оғоз мегарданд

Паймонкори лоиҳаи «Барқарор кардани зеристгоҳи Регар-500кВ» – ширкати чинии Tabian Apparatus Stoc Co. нимаи моҳи август метавонад бевосита ба корҳои таҷдид ҳусни оғоз бахшад. Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаҳои бахши гидроэнергетика», айни замон паймонкор дастрасӣ ба маблағи пешпардохт дар ҳаҷми 15% аз ҳаҷми умумии маблағи лоиҳаро интизорӣ дорад. […]

Заррина Эргашева


Паймонкори лоиҳаи «Барқарор кардани зеристгоҳи Регар-500кВ» – ширкати чинии Tabian Apparatus Stoc Co. нимаи моҳи август метавонад бевосита ба корҳои таҷдид ҳусни оғоз бахшад.

Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаҳои бахши гидроэнергетика», айни замон паймонкор дастрасӣ ба маблағи пешпардохт дар ҳаҷми 15% аз ҳаҷми умумии маблағи лоиҳаро интизорӣ дорад.

«Барқарор ва азнавсозии зеристгоҳ зарур аст, зеро он ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта мавриди истифода қарор гирифта, таҷҳизоташ фарсуда шудааст. Тибқи қоидаҳои истифодабарӣ, муддати ҳар 25-30 сол таҷҳизот бояд барқарор ё иваз карда шавад», – иброз доштанд дар муассисаи мазкур.

Ба иттилои манбаъ, аз зеристгоҳи мазкур ба корхонаи бузургтарини саноатии ҷумҳурӣ – Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) нерӯи барқ интиқол дода шуда, ҳамчунин хати 220 кВ-и зеристгоҳи «Равшан» низ аз ин зеристгоҳ нерӯи барқ мегирад, ки баҳри таъмини аҳолии шаҳри Турсунзода ва қисман ноҳияи Шаҳринав масраф мегардад.

«Амалисозии лоиҳаи мазкур қабл аз ҳама, таъминоти мунтазам ва устувори навоҳии тобеи марказ бо барқро таъмин намуда, минбаъд имконоти саноатӣ ва кишоварзии ин минтақаро меафзояд. Ҳамчунин таъмини корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзии минтақа бо барқи маҳаллӣ беҳтар мешавад», – гуфтанд дар Маркази идоракунии лоиҳаҳо.

Маблағи умумии лоиҳаи «Барқарор кардани зеристгоҳи Регар-500кВ» 37,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 5%-и он аз ҳисоби воситаҳои ширкати «Барқи тоҷик» ва боқимонда аз ҳисоби қарзи имтиёзноки «Эксимбонк»-и Чин сармоягузорӣ мешавад. Муҳлати амалисозии лоиҳа 14 моҳ муқаррар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.