Зимни вохӯрии чанде қабл доиргардидаи раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянҷун масъалаи ташкили Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қарори таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек қабул шуда буд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллӣ, дар мулоқоти Ширинов бо дипломати чинӣ ҳамчунин масоили омӯзиш ва такмили дониши мутахассисони бонкии ҷумҳурӣ дар бонкҳо ва мактабҳои олии Чин, ифтитоҳи шуъбаҳои бонкҳои Чин дар Тоҷикистон, имконияти истифодаи асъорҳои ҳарду давлат ҳангоми доду гирифти молу маҳсулот, боз ҳам инкишоф додани ҳамкориҳои дуҷониба низ матраҳ гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбати судманд изҳор гардид, ки дар айни замон байни Тоҷикистон ва Чин муносибатҳо ҳам дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба идома дошта, дар ин маврид махсус қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Чин дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши сохтмони роҳҳо, гузаронидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва инкишофи соҳаҳои дигар нақши назаррас дорад.
«Маълум аст, дар ин ҷода низоми бонкӣ, ки имкониятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашударо доро мебошад, метавонад дар ҷоннок намудани ҳамкориҳои самарабахш нақши ҳалкунанда ва пешбарро анҷом диҳад», – зикр гардидааст дар мулоқот.


