Аз оғози сол нархи орд дар пойтахт 15% поин рафт

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ нархи орд дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон тақрибан 15% поин рафт. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар медиҳад. Дар вазорат коҳиши нархи маҳсулоти муҳимтарин дар кишварро ба афзоиши истеҳсоли гандум дар дохил ва хориҷи кишвар рабт медиҳанд. Дар вазорат зикр мекунанд, ки айни замон содиркунандаи асосии орд ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Нимсолаи аввали соли ҷорӣ нархи орд дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон тақрибан 15% поин рафт. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар медиҳад.

Дар вазорат коҳиши нархи маҳсулоти муҳимтарин дар кишварро ба афзоиши истеҳсоли гандум дар дохил ва хориҷи кишвар рабт медиҳанд.

Дар вазорат зикр мекунанд, ки айни замон содиркунандаи асосии орд ба Тоҷикистон Қазоқистон аст. «Дар муқоиса бо соли гузашта имсол  истеҳсоли гандум дар Қазоқистон ва саросари ҷаҳон афзуда, феълан пешниҳод аз талабот бештар аст, ки ба коҳиши нарх оварда мерасонад», – таъкид месозанд иқтисодшиносон.

Ба иттилои манбаъ, соли ахир дар Тоҷикистон низ ҳаҷми истеҳсоли гандум афзуда, агар нимсолаи аввали соли гузашта дар кишвар 372 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шуда бошад, моҳҳои январ-июни соли равон ин нишондиҳанда 479 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки афзоиши истеҳсолоти дохилӣ ба коҳиши ҳаҷми воридот боис гаштааст. Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 103 ҳазор тонна орд ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87 ҳазор тонна камтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.