Аттестатсиягузаронии Вазорати тандурустӣ дар яке аз дармонгоҳҳои бузургтарини кишвар

Ба иттилои дафтраи матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ, вазорат тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик аттестатсияи ғайринавбатии роҳбарият, мудирони шӯъбаҳо ва ҳамшираҳои калони Маркази миллии тиббиро оид ба мутобиқат ба вазифаи ишғолнамудаашон баргузор намуда, ҷо ба ҷо гузории минбаъдаро тавассути озмун ба роҳ монад. Ин иқдоми вазоратро боздошти Илҳом Носиров, мудири шӯъбаи эҳёи дармонгоҳи Қарияи боло бо […]

Аваз Юлдашев


Ба иттилои дафтраи матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ, вазорат тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик аттестатсияи ғайринавбатии роҳбарият, мудирони шӯъбаҳо ва ҳамшираҳои калони Маркази миллии тиббиро оид ба мутобиқат ба вазифаи ишғолнамудаашон баргузор намуда, ҷо ба ҷо гузории минбаъдаро тавассути озмун ба роҳ монад.

Ин иқдоми вазоратро боздошти Илҳом Носиров, мудири шӯъбаи эҳёи дармонгоҳи Қарияи боло бо гумони ришваситонӣ боис шудааст.

«Ғайр аз он, дар вазорати тандурустӣ барномаи  зиддикоррупсионии соҳаи мазкур барои солҳои 2013-15 таҳия ва тасдиқ гардида, барои иҷроиш ба тамоми ташкилоту муассисаҳои зертобеяш ирсол гардидааст»,-зикр кард манбаъ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.