Аксияи хайриявии «Роҳ ба сӯи мактаб»-и ҲХДТ


Аз 12-уми август то 1-уми сентябр Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аксияи хайриявии умумиҷумҳуриявии «Роҳ ба сӯи мактаб»-ро баргузор мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳизб, дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ бо ҷалби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ фарзандони оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон ва махсусан кӯдакони дорои маълулият бо либос ва дигар лавозимоти мактабӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное