Изҳороти Зарифӣ дар бораи саҳифаи сохта дар Facebook ба номи ӯ

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор медорад, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба номи ӯ як саҳифаи қалбакиро боз намудаанд.

Зарифӣ дар саҳифаи худ зикр кардааст, ки молики ин саҳифаи қалбакӣ тамоми маълумотро аз саҳифааш нусхабардорӣ намуда, дар бахши рӯйдодҳо ҷой кардааст. «Айни замон аз саҳифаи қалбакӣ ба дархостҳои «пазируфтан ба дӯстӣ» кор гирифта мешавад. Аз ин рӯ, ба маълумоти тамоми корбарони шабака мерасонам, ки саҳифаи тозабозшудаи Ҳамрохон Зарифӣ қалбакӣ аст», – мегӯяд Ҳ.Зарифӣ.

- Advertisement -

Қобили зикр аст, ки таъсиси саҳифаҳои қалбакӣ ба номи сиёсатмадорону шахсиятҳои маъруф дар Тоҷикистон роиҷ аст. Ба гунаи мисол, имрӯз дар шабакаи Facebook «саҳифаҳои» сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров, рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва ҳамчунин боз як зумра ходимони дин, аз ҷумла раиси Шӯрои уламои ҷумҳуриро метавон дарёфт намуд.

- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы