ҲНИТ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намекунад

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 17-уми сентябр доир гардида, дар кори он ҳудуди 600 вакилон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Бино ба иттилои муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, дар анҷуман шакли иштироки ҳизб дар интихобти президентии рӯзи 6-уми ноябри соли равон баррасӣ мешавад. «Дар анҷуман дар бораи пешбарии номзад аз ҲНИТ ё дастгирӣ […]

Аваз Юлдошев


Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 17-уми сентябр доир гардида, дар кори он ҳудуди 600 вакилон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит, дар анҷуман шакли иштироки ҳизб дар интихобти президентии рӯзи 6-уми ноябри соли равон баррасӣ мешавад.

«Дар анҷуман дар бораи пешбарии номзад аз ҲНИТ ё дастгирӣ аз номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон қарор қабул хоҳад шуд», – зикр кард Ҳайит.

Дар идома ӯ изҳор намуд, ки имрӯз масъалаи аз ҷониби ҲНИТ дастгирӣ шудани президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот комилан ҷой надорад.

«Муддати қариб ду моҳ тавассути барномаҳои иттилоотии шабакаҳои давлатии телевизионӣ сюжетҳои бадномкунандаи ҲНИТ, роҳбарони он намоиш дода мешаванд. Рӯз то рӯз сохторҳои давлатӣ меъёрҳои қонунгузориро риоя накарда, фишор болои ҳизби моро зиёд мекунанд ва дар чунин ҳолат дар бораи дастгирии Эмомалӣ Раҳмон ҷойи гапе ҳам нест», – мутмаин аст муовини раиси ҲНИТ.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.