Ҳ.Зарифӣ ва сенаторони Фаронса вазъи Сурияро баррасӣ карданд


Чанде қабл мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳайати Сенати Ҷумҳурии Фаронса, аъзоёни гурӯҳи парлумонии дӯстии Фаронсаву Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷ-би Андре-Дюле барпо гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷониба дар солҳои охир ва зарурати тавсеаи ин муносибатҳо дар оянда изҳор намуданд, ки далели он кушодашавии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса мебошад.

Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкориҳои муштараки ду давлатро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд ва дар мавзуъҳои амнияти минтақа, субот ва эътидоли вазъ дар Афғонистон баъд аз баровардани қувваҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2014, инчунин вазъияти имрӯзаи Сурия мубодилаи афкор намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное