Қатли директори кони ангишти «Назарайлоқ»

Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ бо истифода аз аслиҳаи оташфишон аз ҷониби шахсони номаълум директори кони ангишти «Назарайлоқ Нуриддин Темирови 59-сола ба қатл расонида шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор шаби 2-юми сентябр дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм рух додааст. «Тахминан соати 00:30 дақиқаи шаби 2-юм […]

ASIA-Plus


Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ бо истифода аз аслиҳаи оташфишон аз ҷониби шахсони номаълум директори кони ангишти «Назарайлоқ Нуриддин Темирови 59-сола ба қатл расонида шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор шаби 2-юми сентябр дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм рух додааст.

«Тахминан соати 00:30 дақиқаи шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли равон шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти “Назар-Айлоқ”-и ноҳияи Рашт, шаҳрванд Нуриддин Темиров, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи тамғаи “Макаров” ӯро паронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ба ҳалокат расидааст», – зикр мегардад дар иттилои вазорат.

Гуфта мешавад, айни замон барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон бо фармони Вазири корҳои дохилӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи раёсатҳои оперативии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, тафтишоти ин ҷиноят идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи аввалин дар кони ангишти «Назарайлоқ» нест. Моҳи августи соли 2007 як гурӯҳи иборат аз ҳашт нафар шахсони мусаллаҳи ниқобпӯш ба кормандони корхонаи муштараки «КиТаКа»-и Тоҷикистону Чин дарафтода, онҳоро лату кӯб ва аз хазинаи корхона 5 ҳазор сомонӣ маблағро бо худ бурда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.