Интихоби ширкати ҷопонӣ барои такмили техникаи нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон

Date:


Паймонкори амалисозии марҳилаи дуюми «Лоиҳаи харидории техника ва таҷҳизотҳои нигоҳдории роҳҳо барои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» ширкати ҷопонии «Иточу Корпорэйшн» интихоб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалов хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта аз рӯйи натиҷаҳои тендери баргузоршуда аз 27-уми август то 1-уми сентябр оид ба интихоби паймонкор миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистонва ширкати «Иточу Корпорэйшн» созишномаи дахлдор ба имзо расид.

«Ширкати мазкур амалисозии марҳилаи аввали лоиҳаро низ анҷом дода, интихоби маҳз ҳамин ширкатро мо мувофиқи мақсад донистем, зеро дар маҷмӯъ онҳо аз ҷузъиёти лоиҳа огаҳии хуб доранд», – иброз дошт ӯ.

Муовини вазири нақлиёт зикр кард, ки лоиҳа аз ҳисоби бурси Ҷопон дар ҳаҷми 14 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад. Қаблан дар Вазорати молия ҷонибҳо созишнома дар бораи ҷудо гардидани маблаги мазкурро ба имзо расонида буданд. Аз итмоми амалисозии лоиҳаи мазкур ахири соли оянда интизорӣ меравад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...