Даҳ ташкилоти қарздиҳии Тоҷикистон иштирокчиёни Низоми миллии пардохти «Корти миллӣ» шуданд.
Бино ба маълумоти Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», шумори кортҳои нашршуда аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳӣ ба санаи 1-уми августи соли равон 629 ҳазор донаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,3% зиёдтар аст.
«Ҳиссаи кортҳои Низоми байнулмилалии пардохти Visa International дар ҳаҷми умумии кортҳои нашршудаи ташкилотҳои қарздиҳии ҷумҳурӣ 39%, ҳиссаи кортҳои низоми пардохти MasterCard – 1%, ҳиссаи кортҳои Низоми миллии пардохт – 7% ва кортҳои маҳаллӣ – 53%-ро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар бонк.
Зимнан таъкид гардид, ки шумори кортҳои маҳаллии пардохт дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 26% афзудааст. «Қисмати асосии кортҳои нашршуда дар муомилотро кортҳои «Амонатбонк» ташкил дода, ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумӣ ба 42% баробар аст», – иброз доштанд дар «Амонатбонк».


