Намоишгоҳи III-уми байнулмилалии китоб дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Китоб ва арзишҳои умумиинсонӣ» намоишгоҳи III-уми байнулмилалии китоб ба кор шурӯъ намуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ дар бинои муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ, президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, муовини раиси Иттиҳоди навсиандагон Абдулҳамид Самадов, сафири Эрон дар ҶТ Алиасғари Шеърдӯст ва дигарон ширкат варзиданд. Пас […]

Валентина Кондрашова


Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Китоб ва арзишҳои умумиинсонӣ» намоишгоҳи III-уми байнулмилалии китоб ба кор шурӯъ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ дар бинои муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ, президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, муовини раиси Иттиҳоди навсиандагон Абдулҳамид Самадов, сафири Эрон дар ҶТ Алиасғари Шеърдӯст ва дигарон ширкат варзиданд.

Пас аз ифтитоҳи намоишгоҳ маросими муаррифномаи китоби аз ҷониби нашриёти «Адиб» чопшудаи А.Самад «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар» баргузор шуда, сипас бо адибон вохӯрӣ доир гардид.

Нимаи дуюми имрӯз дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Ташкили маркетинги китоб дар нашриёт» конфронси байнулмилалии илмӣ баргузор шуда, дар бинои «Душанбе-Плаза» муаррифи ҷилди дуюми тозанашри «Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон» барпо мегардад. Кори намоишгоҳи байнулмилалӣ то 6-уми сентябр идома меёбад.

Дар доираи намоишгоҳ баргузории чорабиниҳое аз қабили семинари «Ороиши китоб барои кӯдакон» дар нашриёти «Адабиёти бачагона» ва конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Китоб ва рушди фарҳанги иттилоотии ҷомеа дар шароити муосир» дар Китобхонаи миллӣ дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар ин рӯзҳо маросимҳои муаррифиномаи як қатор китобҳои нав ва вохӯриҳо бо нависандагон гузаронида мешаванд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти чопии нашриёти 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ИМА, Арманистон, Афғонистон, Белорус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Русия, Украина, Гурҷистон, Ҳиндустон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон ва Молдова ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.