Ташрифи мансабдори воломақоми ВКХ Британия ба Тоҷикистон

Рӯзи 6-уми сентябр вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Бритониё баронесса Саеда Варси ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Ин аввалин сафари вазири Давлатии Вазорати корҳои Хориҷии Бритониё ба Тоҷикистон аст. Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, яке аз салоҳиятҳои Борунесс Варси равобити Бритониё бо Осиёи миёна буда ин ташриф аз равобитҳои густарда ва […]

ASIA-Plus


Рӯзи 6-уми сентябр вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Бритониё баронесса Саеда Варси ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Ин аввалин сафари вазири Давлатии Вазорати корҳои Хориҷии Бритониё ба Тоҷикистон аст.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, яке аз салоҳиятҳои Борунесс Варси равобити Бритониё бо Осиёи миёна буда ин ташриф аз равобитҳои густарда ва рӯ ба инкишофи байни ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯриҳо масъалаҳои гуногуни марбут ба ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, амният ва осоиштагӣ дар Осиёи Миёна, тиҷорат ва сармоягузорӣ, саҳми Бритониё ва ширкатҳои бритониёӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳуқуқи инсон матраҳ хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, зимни сафар баронесса Варси бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.

Дар остонаи сафари худ, Борунес Варси гуфтаст: «Ман хело хушҳолам, ки ба Тоҷикистон ташриф меорам. Равобитҳои дуҷониба байни кишварҳои мо ба манфиати тарафайн рушд мекунад. Ман умедворам ки мулоқоти муфид бо Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумати Тоҷикистон, ва инчунин бо ашхоси сиёсӣ ва соҳибкорон анҷом хоҳам дод».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.