Таҷлили ҷашни Рӯзи китоб дар Маркази миллии патенту иттилоот

Дар Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатӣ (КДПТ МД)-и «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бахшида ба «Рӯзи китоб» чорабинии тантанавӣ баргузор гашт. Тавре аз КДПТ МД хабар доданд, нахуст чорабиниро директори Китобхонаи муассисаи мазкур, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Боймурод Боев ифтитоҳ намуда ҳозиринро барои иштирокашон дар ин чорабинӣ хайрамақдам гуфт.  Ӯ […]

ASIA-Plus


Дар Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатӣ (КДПТ МД)-и «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бахшида ба «Рӯзи китоб» чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.

Тавре аз КДПТ МД хабар доданд, нахуст чорабиниро директори Китобхонаи муассисаи мазкур, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Боймурод Боев ифтитоҳ намуда ҳозиринро барои иштирокашон дар ин чорабинӣ хайрамақдам гуфт.  Ӯ дар суханрониаш дар бораи мақоми китоб ва фаъолияти китобдорӣ аз ҷумла қайд намуд, ки «… Бо сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷумҳурӣ Китобхонаи замонавӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон сохта ва ба истифода дода шуд, ки бо техникаву таҷҳизоти рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва мо китобдорон аз ин тӯҳфаи Президенти кишвар хелоҳо ҳам шод гардидем. Президенти кишвар ҳамасола дар доир ба соҳаи китобу китобдорӣ дастуру супоришҳо дода махсусан қайд менамояд, ки дар тамоми манотиқи кишвар мағозаҳои китоб таъсис дода шавад ва ҷавононро барои ташриф овардан ба китобхонаҳо ва донишандӯзӣ ҳидоят менамоянд..».

Ба гуфтаи ӯ имрӯз ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи китобу китобдорӣ диққати махсус медиҳад. Ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ хазинаҳои китобхонаҳо бо адабиёту маҷаллаҳои тозанашр пурра гардонида мешавад.  Аз он ҷумла имсол дар ҷумҳурӣ санаи 2 то 9-апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони  Тоҷикистон», санаи 18 ва 19 апрел «Конфронси умумиҷумҳуриявӣ дар мавзӯӣ «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» баргузор гашт, ки дар кори он 70 нафар роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Б. Боев дар суханрониаш аз Вазорати маорифи кишвар хоҳиш намуд, ки дар макотиби олии кишвар дар баробари дар бар доштани «Билети донишҷӯӣ»-и донишгоҳу донишкадаҳо дар бар доштани «Билети хонандагӣ»-и китобхонаҳои оммавии кишвар ба донишҷӯён дастур дода шавад, то  ки донишҷӯён ба китобхонаҳо ташриф оварда аз маъхазҳои гаронбаҳои он истифода намоянд.

Зикр гардид, ки дар чорабинӣ Аълочиёни фарҳанги Тоҷикистон Гулнора Бутаева ва Амина Ғаюрова суханронӣ намуда доир ба рушду нумӯи фаъолияти китобу китобдорӣ ва нақши китоб дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маърӯзаҳо намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ қайд карда шуд, ки ба онҳое, ки дар рушду нумӯи фаъолияти китобу китобдорӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд бо пешниҳоди Роҳбарияти Муассиса, аз ҷониби Роҳбарияти Вазорат дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорнома»-ҳо ва унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.