Баъди таблиғоти зиддинаҳзатӣ дар ТВ шумори хориҷшудагон аз сафҳои ҲНИТ афзуд

Пас аз оғози таблиғоти зиддинаҳзатӣ тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ коҳиши шумори хориҷшудагон аз сафҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов хабар дод, моҳи август 57 нафар сафҳои ҳизбро тарк намуда, дар ҳамин ҳол, дар ин давра 75 нафар аъзои нав ба ҳизб пайвастанд. «Моҳи июл […]

ASIA-Plus


Пас аз оғози таблиғоти зиддинаҳзатӣ тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ коҳиши шумори хориҷшудагон аз сафҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи ҲНИТ Воҳидхон Қосиддинов хабар дод, моҳи август 57 нафар сафҳои ҳизбро тарк намуда, дар ҳамин ҳол, дар ин давра 75 нафар аъзои нав ба ҳизб пайвастанд. «Моҳи июл якчанд нафар аз сафҳои ҳизб хориҷ шуда, 68 нафар ба узвияти он пазируфта шуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Қосиддинов, аз сафҳои ҳизб шахсони таҳти фишор ва таҳдид қароргирифта хориҷ шуда, тибқи омори мавҷуда дар ҳизб, шумори аъзои нави ҳизб зиёд мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 4-уми июл вохӯрии президент бо ходимони дин доир гардида, дар он рӯҳониён алайҳи ҲНИТ суханронӣ намуданд. Пас аз ин дар барномахои телевизионӣ сокинони манотиқи гуногуни кишвар изҳор намуданд, ки бидуни огаҳӣ онҳоро ба аъзогии ҲНИТ номнавис кардаанд. Аъзои ҲНИТ бошанд, хабар медиҳанд, ки бо баҳонаҳои гуногун онҳоро маҷбур месозанд, ки аз сафҳои ҲНИТ хориҷ шуда, бо изҳороти бадномкунанда нисбати ҲНИТ тавассути телевизион суханронӣ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар 42 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.