Бурси БОР дар ҳаҷми 116 млн. $ баҳри таҷдиди нерӯгоҳи «Сарбанд»

Имрӯз миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба лоиҳаи пешниҳодшудаи таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи барқиву обии «Сарбанд» ба имзо расид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд. Нерӯгоҳи «Сарбанд» дар дарёи Вахш тахминан дар 80 километрии ҷануби Душанбе воқеъ буда, иқтидораш 240 мегаватт ва нерӯгоҳи […]

ASIA-Plus


Имрӯз миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба лоиҳаи пешниҳодшудаи таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи барқиву обии «Сарбанд» ба имзо расид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд.

Нерӯгоҳи «Сарбанд» дар дарёи Вахш тахминан дар 80 километрии ҷануби Душанбе воқеъ буда, иқтидораш 240 мегаватт ва нерӯгоҳи барқиву обии куҳантарин баъди нерӯгоҳи Қайроққум ба шумор меравад. Сохтмони нерӯгоҳи «Сарбанд» соли 1956 оғоз гардида, соли 1962 мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба гуфтаи сармушовир оид ба энергетикаи Департаменти БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Леван Мчедлишвили, ин лоиҳаи пешниҳодшуда муштаракан аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ширкати «Барқи тоҷик» ва БОР таҳия гардида, аз лоиҳаҳои бузургмиқёси азнавозии нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои муосир маҳсуб меёбад ва чунин таъмиру барқарорсозии комил муҳлати истифодаи нерӯгоҳро боз 50 соли дигар дароз ва хеле фоидаовар хоҳад кард.

Интизорӣ меравад, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ иқтидори нерӯгоҳи «Сарбанд» то 252 мегаватт афзуда, дар як сол ба ҳисоби миёна он 1130 гигаватт/соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 38 гигаватт/соат зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, БОР ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 116 млн. доллари ИМА барои амалисозии ин лоиҳаро баррасӣ дорад. Дар ҷаласаи Шӯрои мудирони БОР, ки ахири моҳи ноябри соли равон, доир мегардад, баррасии ин пешниҳоди бурсӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда 1 млрд. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.