Баррасии лоиҳаи созишномаи канорагирӣ аз андозбандии дукарата миёни Тоҷикистону Британия

Дар мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молия ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот атрофи натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Британияи Кабир дар моҳи июли соли ҷорӣ оид ба […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молия ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот атрофи натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Британияи Кабир дар моҳи июли соли ҷорӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи мабут ба андозбандӣ аз даромад ва сармоя табодули назар сурат гирифта, зикр гардид, ки дар анҷоми марҳилаи аввали гуфтушуниди ҳайатҳо санади муштараки лоиҳа ба имзо расида буд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба таҳияи дақиқи тамоми асноди зарурӣ барои баргузории марҳилаи дуюми гуфтушунидҳо, ки дар Британия пешбинӣ шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки имзои созишномаи мазкур ба рушди муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд миёни кишварҳо такони ҷиддӣ бахшида, ҳамчунин ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар ҳарду кишвар мусоидат менамояд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ роҷеъ ба масоили марбут ба воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ҷорисозии Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ ва мусоидату кӯмаки Британияи Кабир ба Тоҷикистон дар ин самтҳо тавассути Вазорати ҳамкории байнулмилалии Британияи Кабир (DFID) низ изҳори назар карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.