Раиси КМИР журналистонро ба муносибати ҷиддӣ ба интихобот даъват кард

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён аз журналистон даъват кард, ки дар масъалаи инъикоси масоили марбут ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар кишвар ҷиддӣ муносибат кунанд. «Чанд рӯз қабл дар хабари яке аз ВАО зикр гардид, ки гӯё КМИР барои ҷамъоварии рӯйхати аъзои аҳзоби сиёсии кишвар дастур додааст. Ман намефаҳмам, ки аз куҷо […]

Пайрав Чоршанбиев


Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён аз журналистон даъват кард, ки дар масъалаи инъикоси масоили марбут ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар кишвар ҷиддӣ муносибат кунанд.

«Чанд рӯз қабл дар хабари яке аз ВАО зикр гардид, ки гӯё КМИР барои ҷамъоварии рӯйхати аъзои аҳзоби сиёсии кишвар дастур додааст. Ман намефаҳмам, ки аз куҷо ин гуна маълумоти носаҳеҳ пайдо мешавад? Бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ба дӯши Вазорати адлия вогузор аст, на ба КМИР. Мо ҳуқуқ надорем, ки ба фаъолияти онҳо дахолат кунем. Аз ин рӯ, мардумро ба гумроҳӣ андохтан лозим нест. Мо хоҳиш дорем, ки пеш аз нашр саҳеҳии маълумоти марбут ба интихоботи қарибулвуқӯъ аз намояндагони КМИР пурсида шавад», – иброз дошт Шоҳиён зимни мизи гирди имрӯза барои намояндагони ВАО.

Ҳамчунин ӯ аз журналистон даъват кард, ки доир ба интихоботи президентӣ дар мамлакат ба ҷомеа маълумоти муфассал ва дақиқ пешниҳод карда шавад. «Журналистон уҳдадоранд, ки ба ҷомеа маълумоти воқеӣ ва саҳеҳро пешниҳод намоянд», – таъкид дошт раиси КМИР.

Шоҳиён ҳушдор дод, ки огаҳона паҳн кардани маводи пастзанадаи шаъну эътибори номзадҳо ба президент ва ҳамчунин танқиди беасоси барномаҳои пешазинтихоботии онҳо ба оқибатҳои ногувор боис шуда метавонад.

Ба қавли ӯ, маҳз бо сабаби муҳимияти масъалаи мазкур КМИР Дастур оид ба иштироки намояндагони ВАО дар интихоботи президенти ҶТ-ро таҳия ва пешкаш намуд.

«Дар ҷомеаи мо ба журналистон эътимоди қавӣ доранд. Он чизе, ки ВАО нашр мекунанд, аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ҳақиқати бебаҳс қабул мешавад. Аз ин рӯ, ВАО-ро лозим аст, ки аз боварии мардум суистеъмол накунанд», – гуфт Шоҳиён.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки «ҳамаи мо бояд фаъолиятамонро тарзе ба роҳ монем, ки интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар озодонаву шаффоф ва ба таври демократӣ баргузор шаванд».

Ёдрас мекунем, ки санаи 6-уми ноябри соли равон интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.