ИДМ ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Нерӯҳои марзбонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 9-уми сентябр дар Озарбойҷон доир мегардад, ширкат хоҳад варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ  хабар дод, дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур баррасии масъалаи кӯмаки таъҷилӣ ба Тоҷикистон барои таҳкими […]

Аваз Юлдошев


Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Нерӯҳои марзбонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 9-уми сентябр дар Озарбойҷон доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ  хабар дод, дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур баррасии масъалаи кӯмаки таъҷилӣ ба Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Афгонистон матраҳ гардидааст.

«Дар ҷаласа ҳамчунин аз фаъолият ва иҷрои нақшаҳои Шӯро натиҷагирӣ шуда, масъалаҳои таҳияи Дастури методӣ оид ба иҷро ва амалисозии корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ дар доираи Шӯро, тавсияҳои методӣ доир ба истифодаи шакл ва воситаҳои ҳифзи марзҳои берунаи кишварҳои ИДМ дар замони муосир, шарҳу тавзеҳот ба қонунҳои нав дар бахши марзбонӣ, истифодаи истилоҳот дар бахши марзбонӣ аз ҷониби кишварҳо ва дигар масоили зарурии мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ хоҳанд шуд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Шӯрои фармондеҳони Нерӯҳои марзбонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 1992 таъсис дода шуд. Шӯрои мазкур нақшаҳои фарогири ҳимояти марзҳои беруна ва манотиқи иқтисодии манфиатдори кишварҳои узви ИДМ-ро таҳияву баррасӣ намуда, фаъолияти нерӯҳои марзбониро танзим ва ҷиҳати беҳбуди фаъолияти онҳо тавсияҳо пешниҳод мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.