Ташрифи роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба қароргоҳи ҲХДТ

Дар мулоқоти чанде қабли муовини якуми Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров бо Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Маркус Мюллер масъалаҳои авзои кунунии сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон, паёмади хурӯҷи неруҳои НАТО аз давлати ҳамсояи Афғонистон, омодагии ҲХДТ ба интихоботи қарибулвуқӯи президенти мамлакат, ҳамкориҳои миёни ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, омилҳои таҳким бахшидани сулҳу суботу ваҳдати миллӣ […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти чанде қабли муовини якуми Раиси ҲХДТ Сафар Сафаров бо Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Маркус Мюллер масъалаҳои авзои кунунии сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон, паёмади хурӯҷи неруҳои НАТО аз давлати ҳамсояи Афғонистон, омодагии ҲХДТ ба интихоботи қарибулвуқӯи президенти мамлакат, ҳамкориҳои миёни ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, омилҳои таҳким бахшидани сулҳу суботу ваҳдати миллӣ ва ширкати фарогири нозирону мушоҳидони дохилию байналмилалӣ дар маъракаи сиёсии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, Сафар Сафаров аз ҷумла иброз дошт, ки ҲХДТ барои баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ дар ин росто комилан омода аст. «Ҳамзамон дар ин маврид омодагии хешро ба ҳамкории созмонҳои байналхалқӣ иброз дошта, бовар дорем, ки нозирон ба интихоботи мо баҳои воқеӣ ва мунсифона медиҳанд», – гуфт Сафаров.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Маркус Мюллер зикр намуд, ки тасмим гирифтааст, дар арафаи интихобот бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҳамаи аҳзоби сиёсӣ чунин вохӯриҳоро доир намояд. Ӯ ба таҳияи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ва иқдомҳои дигари ҳизб дар давраи омодагӣ ба маъракаи сиёсии дар пешистода таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид дошт, ки аз нуфузи бештари ҲХДТ дар ҷомеаи тоҷик огаҳӣ дорад ва тибқи имкониятҳо ба ин чорабинии сиёсӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.