Муҳоҷирати кории ҳудуди 610 ҳазор нафар тоҷикистониён дар зарфи 8 моҳ

Date:


Дар зарфи ҳашт моҳи соли равон ҳудуди 610 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, аз оғози сол зиёда аз 739 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ҳудуди 610 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 71 ҳазор нафар баробар аст.

Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 590 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 14 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.

Дар ин давра беш аз 340 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки 290 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёда аз 50 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, соли гузашта ҳудуди 745 ҳазор нафар (беш аз 87 ҳазор нафарашон занон) аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки  ин миқдор нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 6 ҳазор нафар камтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1,1 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 8 моҳи соли равон мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба 4 ҳазору 666 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолият дар қаламрави кишвар иҷозатнома додааст. Аксари муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Тоҷикистонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд, ки шумори онҳо 2 ҳазору 952 нафарро ташкил медиҳад. Мақоми дуюм пас аз чиниҳоро муҳоҷирони кории афғон ишғол мекунанд, ки шумори онҳо ба 653 нафар баробар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...