Чанде қабл узви Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, корманди меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт Қирғизбек Канунов ба гумони даст доштан дар омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват карда шуд.
Ба гуфтаи Канунов, шоми рӯзи 7-уми сентябр ҳангоми тановули хӯроки шом бо дӯстонаш дар яке аз қаҳвахонаҳо ӯро кормандони КДАМ бо худ бурдаанд.
«Аз сабабаш мо воқиф набудем. Ба мо шарҳ доданд, ки гӯё моро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ гумонбар медонанд (???). Муомилаи хуб доштанд, ҳарчанд нахуст яке аз онҳо ба дағалӣ роҳ дод. Аз мо баёнот гирифта, дар бораи чӣ суҳбат доштани моро пурсиданд», – гуфт Канунов.
ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш ба харҷ дод, ки бо маркази матбуоти КДАМ ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин масъала тамос бигирад, вале аз зангҳои телефонӣ ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.
Ёдрас мекунем, ки 25-уми майи соли равон дар Тоҷикистон Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Қ. Канунов шомил гардиданд.


