Ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон

Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро баррасӣ карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии […]

ASIA-Plus


Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, роҷеъ ба масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки аз паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеа бармеоянд, ба инобат гирифта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту идова ба Қонунҳои ҶТ ««Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯро воридшуда фикру андешаҳои худро ҷиҳати боз ҳам такмил ёфтани онҳо изҳор дошта, онҳо ҷиҳакти баррасии минбаъда ба кумита ва комиссяиҳои дахлдор парлумон ирсол гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.