Имкони президенти амалкунандаи Тоҷикистон ба пирӯзӣ дар интихоботи президентии санаи 6-уми ноябри соли равон бешубҳа хеле бузург аст.
Муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, сиёсатшинос Сайфулло Сафаров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рақибони имконпазири Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза барои курсии президентӣ ҳеҷ гуна имконе барои ғалаба надоранд.
«Президенти амалкунанда дар тамоми манотиқи кишвар нуфузу эътибори бузург дошта, миёни мардум хеле писандида аст ва ҳамаи инро ӯ бо заҳмати худ, ғамхорӣ ба кишвару халқ ба даст овардааст. Ман муътақидам, ки ҳарифони имконпазири Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот аз вазни баробари сиёсӣ бо ӯ бархӯрдор нестанд», – зикр кард сиёсатшинос.
Дар идома ӯ таъкид намуд, ки баргузории интихоботи президентӣ талаботи меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ буда, иштироки номзадҳои аҳзоби сиёсӣ дар он як навъ пуштибонӣ аз имиҷи сиёсии худ аст.



