М. Давлатов: Тоҷикистон амалан аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуд

Зимни суханронӣ дар Конфронси имрӯзаи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2020» дар Душанбе муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов изҳор намуд, ки барои рушди иқтидори транзитии минтақа Осиёи Марказӣ Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод. «Яке аз вазифаҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон раҳоӣ аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни суханронӣ дар Конфронси имрӯзаи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2020» дар Душанбе муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов изҳор намуд, ки барои рушди иқтидори транзитии минтақа Осиёи Марказӣ Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод.

«Яке аз вазифаҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ буда, мо ба дастовардҳои назаррас дар ин самт ноил гардидем», – иброз дошт ӯ.

Давлатов зикр кард, ки тайи даҳ соли ахир дар ҷумҳурӣ бо ин мақсад 23 лоиҳаҳои давлатӣ амалӣ шудаанд, ки маблағи умумии онҳо 3,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

«Беш аз 1 ҳазору 650 километр роҳҳо, 109 адад пул, 27 километр нақб мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифта, мо ба бунёди роҳҳое чун Мурғоб-Қулма-марзи Чин, Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол-марзи Қирғизистон, Душанбе-Чаноқ-марзи Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён-марзи Афғонистон ва ғайра муваффақ гардида, имрӯз ин роҳҳои таъиноти байнулмилалӣ пурсамар фаъолият доранд», – гуфт ӯ.

Ба қавли муовини аввали нахуствазир, айни замон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 5,5 млрд. сомонӣ дар бахши нақлиёт дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дошта, як қатор лоиҳаҳо дар ҳоли омӯзишу баррасӣ ва таҳия мебошанд.

«Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуд. Роҳу коммуникатсияҳо аллакай мавҷуданд, аммо дар масоили марбут ба содакунии расмиёти ҳамлу нақли транзитӣ, ҳамоҳангсозии тартибот ҳангоми убури марзҳо то ҳанӯз мушкилот ҷой дорад», – афзуд Давлатов ва аз иштиркчиёни конфронс даъват кард, ки бори дигар ин масъалҳоро мавриди таҳлил қарор бидиҳанд.

Дар кори конфронси мазкур ҳайатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Булғория, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Литва, Туркманистон ва ҳамчунин чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ ҳузур доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.