Даври интихобии Чемпионати футболи Осиё: Тоҷикистон – Бутан 12:0

Вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Бутан дар мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт бо ҳисоби бузурги 12 бар 0 ба фоидаи тоҷикистониён анҷом пазируфт. Вохӯриии аввал бо дастаи Ҳиндустон мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфта буд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ […]

ASIA-Plus


Вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Бутан дар мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт бо ҳисоби бузурги 12 бар 0 ба фоидаи тоҷикистониён анҷом пазируфт. Вохӯриии аввал бо дастаи Ҳиндустон мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфта буд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ футболбозони навраси дастаи Тоҷикистон Собирҷон Гулаков 4, Рустам Толибов 3, Муҳаммадҷони Ҳасан 2 ва Ҳокимҷон Ҳасанов, Худойдод Узоқов ва Ҳикматулло Малодӯстов 1-тӯбӣ ба дарвозаи ҳариф гол заданд.

Ҳамин тариқ, пас аз ду вохӯрӣ футболбозони тоҷик 4 имтиёз ба даст оварда, пешсафи гурӯҳи худ шуданд. Вохӯриҳои дигари дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рӯзи 27-уми сентябр бо дастаи Қувайт ва рӯзи 29-уми сентябр бо дастаи Лубнон баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯриҳои давраи инихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар гурӯҳи «А» аз 21 то 29-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Алӣ Сабоҳ Ал-Салом дар Ал-Қувайт доир мегарданд.

Ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин аз ҳисоби тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) соли оянда дар Тайиланд баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.