Коммунистон Исмоил Талбаковро ба мансаби президентӣ пешбарӣ карданд

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар анҷумани рӯзи 23-юми сентябри худ бидуни алтернатива муовини аввали раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаковро номзад ба мансаби президентӣ дар маъраки интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ намуд. Зимни сухаронӣ дар анҷуман раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов зикр кард, ки дар маъракаи интихоботи президенти мамлакат ҲКТ барнома ва платформаи худро пешниҳод хоҳад […]


Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар анҷумани рӯзи 23-юми сентябри худ бидуни алтернатива муовини аввали раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаковро номзад ба мансаби президентӣ дар маъраки интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ намуд.

Зимни сухаронӣ дар анҷуман раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов зикр кард, ки дар маъракаи интихоботи президенти мамлакат ҲКТ барнома ва платформаи худро пешниҳод хоҳад кард, ки пеш аз ҳама ба ҳимоят аз манфиатҳои мардум, ҳифзи иҷтимоии он, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ, дастрасӣ ба маълумот ва хизматгузориҳои хушсифати тиббӣ, таъмин бо манзили зист равона шудаанд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар сафҳои худ имрӯз расман беш аз 45 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид сохта, ду нафар аз ҳизб вакилони палатаи поёнии парлумон мебошанд.

Қаблан раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки бидуни тағйироти заминавӣ дар қонунгузории интихобот, бахусус қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ», баргузории интихоботи озодонаву демократии сарвари давлат

ғайриимкон аст

.

Ҳамин тариқ, то имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд. Аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.