Кӯмаки СААД ба таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои ин созмон – Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон Қирғизистон ва Сарвазири Қазоқистон ҷамъ омаданд. Тавре аён гардид, яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа […]


Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои ин созмон – Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон Қирғизистон ва Сарвазири Қазоқистон ҷамъ омаданд.

Тавре аён гардид, яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа кумаки давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон буд. Ин масъала дар бастагӣ ба бароварда шудани нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 пешниҳод шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба натиҷаҳои кори гурӯҳи коршиносони СААД, ки муддате дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ниёзмандиҳои Қӯшунҳои марзии кишвари моро мавриди омӯзиш қарор дода буданд, баҳои баланд дод. Изҳори боварӣ карда шуд, ки “кунун мо ба марҳилаи расондани кумаки амалии ҳарбию техникӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ворид мешавем”.

Сарони дигар давлатҳои аъзои созмон низ зарурати қабули қарори дахлдорро дар ин бора тасдиқ намуданд.

Ҳамин тариқ дар охири ҷаласа як қатор қарорҳои муҳим аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки яке аз онҳо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бораи кумаки ҳарбию техникӣ ба Қӯшунҳои марзии Тоҷикистон мебошад.

Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бори дигар ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид дошт, ки давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва хусусан Русия ба Тоҷикистон кумаки амалию воқеиӣ мерасонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.