Прокурори парвандаи маҳбусон Тошев ва Ризоев боз барканор шуд

Прокурори дуюм дар парвандаи маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев аз бурдани парванда барканор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, адвокати Садриддин Тошев хабар дод, дар мурофиаи парвандаи мазкур бинобар сабаби дархости рад шудани прокурор барои дахолат ба мурофиаи судӣ аз ҷониби ҳимоя то имрӯз, 24-уми сентябр танаффус эълон шудааст. «Пас аз бозпурсии якчанд […]


Прокурори дуюм дар парвандаи маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев аз бурдани парванда барканор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, адвокати Садриддин Тошев хабар дод, дар мурофиаи парвандаи мазкур бинобар сабаби дархости рад шудани прокурор барои дахолат ба мурофиаи судӣ аз ҷониби ҳимоя то имрӯз, 24-уми сентябр танаффус эълон шудааст.

«Пас аз бозпурсии якчанд нафар шоҳидон мо муайян кардем, ки зимни баррасии парванда прокурор Рауфхон Алиев ба шоҳидон таҳдид намудааст, ки баёноти дар тафтишоти пешакӣ додаашонро тасдиқ кунанд ва ба назари ман ҳамчун адвокат, ин дахолат ба мурофиа судӣ аст», – иброз дошт ӯ.


Аввали ҳамин моҳ

дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати судяи суди шаҳр Улуғбек Мустафоқулов мурофиаи судӣ нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев идома ёфта буд.

Нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев мутобиқи моддаҳои 21, қ. 1 (Ретсидиви ҷиноят), 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намудаааст) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд. Наздикони Ҳамза Ҳакимзода то ҳол мегӯянд, ки дар ҷисми ӯ осори возеҳи шиканҷа ва лату кӯб аён буд, аммо коршиносон сабаби марги Икромзодаро худро ба дор овехтан арзёбӣ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.