Дар Красноярск ҳудуди 400 нафар тоҷикистониён шаҳрванди Русия шуданд

Дар зарфи 8 моҳи соли равон дар вилояти Красноярски Русия ҳудуди 400 нафар тоҷикистониён ба шаҳрвандии ин кишвар пазируфта шуданд. Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Красноярск, дар ин давра 1884 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ ба мақоми шаҳрванди Русия дар ин вилоят соҳиб шудаанд. Дар ҳамин давраи соли […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 8 моҳи соли равон дар вилояти Красноярски Русия ҳудуди 400 нафар тоҷикистониён ба шаҳрвандии ин кишвар пазируфта шуданд.

Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Красноярск, дар ин давра 1884 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ ба мақоми шаҳрванди Русия дар ин вилоят соҳиб шудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта шумори чунин нафарон 1363 нафар шаҳрвандони хориҷиро ташкил дода буд.

Ба иттилои манбаъ, шумори қабулшудагон ба шаҳрвандии Русия миёни шаҳрвандони Тоҷикистон – 21%, Қирғизистон – 18%, Қазоқистон – 16% ва Арманистон – 12%-ро ташкил медиҳад. Бинобар сабаби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва маълумоти бардурӯғ дар бораи худ аризаи 51 нафар оид ба қабули шаҳрвандии Русия рад карда шудааст.

Зикр мегардад, ки аз оғози сол миёни афроде, ки ба шаҳрвандии Русия дар вилояти Красноярск қабул шудаанд, 793 нафарашон иштирокчиёни Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёран кӯчонидани ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ ва оилаҳои онҳо ба Русия мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.