Шабакаи аввали ТВ террористони қаблан боздоштшударо намоиш медиҳад

spot_imgspot_img

Дата:


Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон барномаи муфассалеро дар бораи боздошти аъзои гурӯҳи террористӣ дар Душанбе ахири ҳафтаи гузашта намоиш доданист. Сюжети телевизионӣ дар ин бора имрӯз, 24-уми сентябр соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ пахш мегардад.

Қаблан дар сомонаи расмии ВКД ҶТ иттилоъ дода шуда буд, ки ин барнома шоми рӯзи 23-юми сентябр намоиш дода мешавад, вале бо сабабҳои номаълум намоиши он ба имрӯз гузаронида шуд.

Гурӯҳи террористони ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе боздоштшуда, роҳандозии таркишҳо дар назди чор дарвозаи пойтахт, як қатор биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар иншооти давлатиро тарҳрезӣ намуда буданд.

Бино ба маълумоти мақомот, гурӯҳро сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Алимурод Маханови 29-сола бо лақаби «устод» роҳбарӣ мекардааст, ки дар яке аз лагерҳои ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Покистон таълими ҳарбӣ гирифтааст.

«Айни замон 10 нафар аз аъзои фаъоли гурӯҳи террористии мазкур боздошт ва аз онҳо таппончаҳо, адабиёти таблиғотӣ, нақшаҳои иншоот барои тарконидан ва ғайра дарёфту мусодира гардида, ҷустуҷӯи чанде аз аъзои он эълон шуд», – гуфта буд манбаъ.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...