Террористон таркишҳо дар Душанберо дар остонаи интихобот амалӣ карданӣ буданд

Роҳбари гуруҳи террористӣ Алимурод Амахонов, ки ахири ҳафтаи гузашта дастгир шуда буд, зимни суханронӣ шоми рӯзи сешанбе дар барномаи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш биноҳои мансуб ба ВКД, КДАМ ва чор дарвозаи пойтахтро дар остонаи интихоботи президентии 6-уми ноябр таркониданӣ будаанд. Дар барномаи телевизионӣ ҳамчунин ҳаммаслакони Амаханов – сокини ноҳияи […]

Аваз Юлдошев


Роҳбари гуруҳи террористӣ Алимурод Амахонов, ки ахири ҳафтаи гузашта дастгир шуда буд, зимни суханронӣ шоми рӯзи сешанбе дар барномаи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш биноҳои мансуб ба ВКД, КДАМ ва чор дарвозаи пойтахтро дар остонаи интихоботи президентии 6-уми ноябр таркониданӣ будаанд.

Дар барномаи телевизионӣ ҳамчунин ҳаммаслакони Амаханов – сокини ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳим Ҳусейнов ва сокини шаҳри Кӯлоб Амиралӣ Давлатов низ гуфтаҳои роҳбарашонро тасдиқ намуда, таъкид доштанд, ки амалӣ намудани таркишҳо бо истифода аз автомашинахои обкаш ба нақша гирифта шуда буд.

Сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Алимурод Амахонов бо лақаби «устод» тасдиқ намуд, ки соли 2011 ба сафи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) пайваста, як гурӯҳи 8-нафараи иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро сарварӣ мекардааст.

«Раҳбарияти ИДӮ ба ман ва тобеъонам супориш дод, ки Тоҷикистон тибқи фармудаҳои Қуръон зиндагӣ намекунад ва барои ин бояд муҷозот шавад», – гуфт Амахонов.

Роҳбари гурӯҳи террористӣ ҳамчунин эътироф намуд, ки дар Вазиристони Покистон таълими ҳарбӣ гирифта, барои омӯзиш ба он ҷо якчанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла бародари хурдии худ ва ҳамсоягонашро фиристодааст.

Террористон дар кӯчаҳои Н.Қарабоев ва Ю.Фучики пойтахт манзил ба иҷора гирифта, аз ин хонаҳо ду таппончаи Макаров, адабиёти мазмуни ифротгароӣ ва динӣ, дастури содир намудани амалҳои террористӣ, сарулибоси ҳарбӣ ва таҷҳизоти тарканда дарёфт намуданд.

Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ 69 ҷинояти марбут ба терроризмро ошкор намуда, 35 нафар террористонро безарар гардонид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.