Дархости навбатии ҳукумат оид ба тағйирот дар буҷети давлатӣ

spot_imgspot_img

Дата:


Ҳукумати Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳодҳои навбтӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба буҷети давлатии соли 2013-ро пешниҳод намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи молия ва буҷети палатаи поёнии парлумон Сафаралӣ Гулов хабар дод, ин дафъа ҳукумат дархост кардааст, ки таҷҳизоту техникаи аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва Комбинати қолинбофии Қайроққум ба ҷумҳурӣ воридшуда аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шаванд.

«Пешниҳодоти худро ҳукумат бо он асоснок мекунад, ки пас аз воридоти таҷҳизоти нав барои корхонаҳои мазкур ҷойҳои иловагии корӣ дар кишвар таъсис дода шуда, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо таъмин мегардад», – зикр кард Гулов.

Номбурда таъкид дошт, ки кумита ва комиссияҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон ҳаҷми маблағеро, ки баъди озод шудани ин корхонаҳо аз пардохти андозу боҷ ба буҷет ворид намегардад, дақиқан мавриди таҳлил қарор хоҳанд дод.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...