Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масоили марбут ба кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ва таъмини ҳуқуқи мусофирон дар он баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо назардошти тахлили фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хадамоти дахлдор оид ба тадбирҳои муассир андешидан ҷиҳати пешгирии фаъолияти ронандагони машғул ба мусофиркашонӣ бидуни иҷозатнома ва ҳуҷчатҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
«Раиси шаҳр ба роҳбарони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатӣ ва танзим дар соҳаи нақлиёт супориш дод, ки масоили аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон ба нақлиёти мусофирбар, сохтани ҷойҳои иловагӣ дар автобусу маршруткаҳо ва истифодаи таҷҳизоту садову симо бо овози баланду гӯшхарош дар ин навъи нақлиёт таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад», – гуфт ӯ.
Ӯ изҳори итминон кард, ки кормандони мақомоти прокуратура ва милисаи шаҳр иҷрои супоришҳои мазкури раиси шаҳрро таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳанд дод.
«Бо мақсади ҳимоят аз ҳуқуқи мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, раиси пойтахт оид ба омода кардани қарори раиси пойтахт дар бораи бекор шудани кори нақлиёти мусофирбаре, ки тибқи низоми ба истилоҳ «экспресс» фаъолият доранд, низ супориш дод», – афзуд сухангӯи раиси пойтахт.



