Даъвати Оқилов аз Маҷмаъи кулли СММ оид ба дастгирии ташаббусҳои Э.Раҳмон

Чанде қабл нимаи дуюми рӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ суханронӣ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти кишвар Субҳиддин Муҳиддинов аз Ню-Йорк хабар дод, дар суханронии худ Оқилов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти мавҷуда дар соҳаи истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл нимаи дуюми рӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ суханронӣ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти кишвар Субҳиддин Муҳиддинов аз Ню-Йорк хабар дод, дар суханронии худ Оқилов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти мавҷуда дар соҳаи истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори амалисозии қарордодҳои байнулмилалӣ дар соҳаи об буда, баҳри ҳифзи захираҳои обии минтақа тадбирҳои таъҷилӣ хоҳад андешид.

«Оқилов аз иштирокчиёни иҷлосия даъват ба амал овард, ки ташаббусҳои президенти Тоҷикистон дар мавриди таҳияи дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи об пас аз соли 2015-ро дастгирӣ намоянд», – зикр кард Муҳиддинов.

Ба қавли ӯ, нахуствазири ҷумҳурӣ ҳамчунин кӯшишҳои Тоҷикистон дар масъалаи таъмини доимии аҳолӣ бо нерӯи барқро таъкид намуда, иброз дошт, ки рушди ҳамкориҳои давлатҳои минтақа дар азхудкунии захираҳои гидроэнергетикӣ ба сулҳу созиш дар Афғонистон мусоидат карда метавонад.

«Оқилов дар суханрониаш инчунин ҳамкориҳои кишварҳои дунё дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказиро муҳим арзёбӣ намуд», – афзуд Муҳиддинов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио